Сайри бозори асъор
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 16 апрел қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8458 сомонӣ, 1 евро = 10.8927 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1430 сомонӣ.
Имрӯз, 16 апрел қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8700 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.8700 то 11.1300 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1405 то 0.1445 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ