Сайри бозори асъор
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 26 апрел қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8932 сомонӣ, 1 евро = 10.8381 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1431 сомонӣ.
Имрӯз, 26 апрел қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.9000 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.8200 то 12.6200 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.14331 то 0.1445 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ