Сайри бозори асъор
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 21 май қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.9835 сомонӣ, 1 евро = 10.5862 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1444 сомонӣ.
Имрӯз, 21 май қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.9900 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.5800 то 10.8000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1450 то 0.1460 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ