Сайри бозори асъор
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 20 июн қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 9.0975 сомонӣ, 1 евро = 10.5040 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1419 сомонӣ.
Имрӯз, 20 июн қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 9.1100 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.6200 то 10.7000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1440 то 0.1455 сомонӣ муқаррар шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ