Сайри бозори асъор
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 21 июн қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 9.0930 сомонӣ, 1 евро = 10.5261 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1429 сомонӣ.
Имрӯз, 21 июн қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 9.1200 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.5261 то 10.7000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1429 то 0.1440 сомонӣ муқаррар шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ