Сайри бозори асъор
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 2 июл қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 9.1574 сомонӣ, 1 евро = 10.6565 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1457 сомонӣ.
Имрӯз, 2 июл қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 9.1800 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.6565 то 10.7000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1457 то 0.1460 сомонӣ муқаррар шудааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ