Сайри бозори асъор
Имрӯз, 9 ноябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8200 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.1900 то 10.3200 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1485 то 0.1490 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), 9 ноябр қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8070 сомонӣ, 1 евро = 10.2082 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1463 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ