Се ҳодисаи мудҳиши садама ва марги се нафар

ВКД хабар медиҳад, ки рӯзҳои 5-ум ва 6-ум дар кишвар се ҳодисаи мудҳиши садама бо марги се нафар ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилоъ, нисфирӯзии 5-уми июн ронандаи мошини “Тайота-Каролла”, ки ба сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ Тоҳир Наврӯзови 25-сола тааллуқ дорад, ҳангоми аз ноҳияи мазкур ба шаҳри Бохтар равон шудан дар ҳудуди деҳоти Золи Зар ба мошини боркаши “Мерседес-Атеко”, ки дар канори рости роҳ истода будааст, бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири мошини “Тайота-Каролла”, сокини ҳамин ноҳия Таҳмина Саидоваи 22-сола ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигар Холнисо Сафарова дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Инчунин манбаъ меафзояд, ки субҳи 6-уми июн ронандаи мошини “Мерседес-Бенс С-200” Искандаршоҳ Одинаев, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб”, дар ҳудуди деҳоти К. Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Юсуф Давлатзода, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри мазкурро, ки бо модараш дар канори роҳ истода будаанд, пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғи номбурда ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҳамон ҷо ҷон медиҳад.

Инчунин, боз ҳам 6-уми июн, нисфишаб, ронандаи мошини «ВАЗ-21070» Низом Соҳибов, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Конибодом-Деҳмой», дар ҳудуди деҳаи Ҷаҳонзеб аз уҳдаи идораи мошинаш набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда бо гирифтани ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешавад.  Мусофири мошини мазкур Абдуҷалили Бахтовари 2-сола ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *