Се медали биринҷии муштзанҳои тоҷик аз Чемпионати Осиё (аудио)
Се узви дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон сазовори медали биринҷии Чемпионати бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола шуданд. Инҳо Довуд Маҳкамов, Абдумалик Болтаев ва Шаҳбоз Ҳаитов ҳастанд.
Чемпионати бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола бо иштироки 149 варзишгар (95 мард, 54 зан) аз 20 кишвари қора баргузор шуд. Тоҷикистонро 7 варзишгар (6 мард, 1 зан) дар ин чорабинӣ намояндагӣ карданд.
Нашри дуюми Чемпионати бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола 18-уми январ дар шаҳри Бангкоки Тайланд шуруъ шуд, ки имрӯз, 26-уми январ ба анҷом мерасад.
Довуд Маҳкамов дар вазни -71 кг дар чорякниҳоӣ намояндаи Ироқ Наим Ҳусейн Юсуфро мағлуб кард, вале дар нимниҳоӣ аз варзишгари Қазоқистон Собирҷон Аккаликов шикаст хўрд. Абдумалик Болтаев (-75 кг) дар нимниҳоӣ аз варзишгари Ӯзбекистон Алохон Абдуллоев шикаст хўрд. Ў дар чорякниҳоӣ варзишгари мизбон Ломфа Сонгбуранро мағлуб кард. Шаҳбоз Ҳаитов (-80 кг) дар нимниҳоӣ муқобили намояндаи Чин Ҳалимулатӣ Раҳеманду ба ринг баромад ва шикаст хўрд. Шаҳбоз дар чорякниҳоӣ варзишгари Кувейт Мусаб Алҳулайлиро мағлуб кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ