Се орзуи амалинашудаи Худоӣ Шарифзода

Агар умр вафо мекард, 25-уми июни соли равон донишманди тоҷик, профессор Худоӣ Шарифзода 85-сола мешуд. Дар маҳфиле, ки бахшида ба ин сана дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, зубдаи илми суханшиносии кишвар ёди марҳумро карданд: ҳам аз тангдастиаш гуфтанд, ки монеи кораш мешуд ва ҳам аз орзуҳои амалинашудааш…

Умр вафо накард

Ба гуфти бародари Худоӣ Шарифзода Абдуғаффор Шарифзода, марҳум се орзу дошт, ки барои иҷрои онҳо аҷал имкон надод. “Якум, мехостанд, ки дар бораи Носири Хусрав як асари мукаммал нависанд. Ҳарчанд қаблан ду китобашон доир ба Носири Хусрав нашр шуда буд, вале қонеъ набуданд. Мегуфтанд, ки қасидаҳои ӯ ҳанӯз таҳлили адабиётшиносӣ нашудааст. Дуюм, орзу доштанд, ки чопи комили девони Ҳусомии Хоразмиро бубинанд, ки солҳо интизори нашр аст. Як қисмати ин китоб дар Эрон ба табъ расид, орзуи нашри комили онро дар Тоҷикистон доштанд. Сеюм, мехостанд китобе роҷеъ ба Аҳмади Дониш нависанд”,- гуфт номбурда.

Худоӣ Шарифзода солҳои охири умр ба Аҳмади Дониш таваҷҷуҳ дошт. Чун саломатӣ имкон намедод, то дар бораи ин маорифпарвари номвар асар нависад, аз пайвандонаш хоҳиш кард, ки ба рассоме портрети ӯро фармоиш диҳанд. Чун портрет омода шуд, онро дар ҳуҷраи кориаш овехт…

“Мегуфтанд, ки барои худшиносии миллии мардуми тоҷик дар шароити кунунӣ омӯзиши афкори 4 бузургвор муҳим аст:- Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Дониш ва Айнӣ…”,- ба ёд меорад Абдуғаффор Шарифзода, ки худ пажуҳишгари фалсафа ва корманди Институти фалсафаи Академияи улуми кишвар аст.

Ним аср интизори нашри китобҳо

Абдуғаффор Шарифзода, ки дар маҳфили бахшида ба 85-солагии бародараш ошкоро суҳбат мекард, гуфт, тангдастӣ имкон надод, ки Худоӣ Шарифзода корҳои бузургро ба сомон расонад: “Эшон менавиштанд, вале нашри китобҳо тӯл мекашид”. Ба гуфти ӯ, нашри асарҳои Худоӣ Шарифзода гоҳо то 50 сол таъхир шудааст.

“Рисолаи “Ташаккули афкори адабӣ дар асрҳои X-XI”, ки соли 1970 таълиф шуда буд, танҳо соли 2017, яъне баъди 47 сол нашр шуд. Китоби “Балоғат ва суханварӣ”-ро нашриёт ниму нимкора, бо ихтисори зиёд чоп кард. Сарнавишти “Ҳамосаи шоҳон дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” низ чунин шуд. Беш аз 20 сол нашри китоб тӯл кашид. Дастхати як китобашон дар нашриёт пурра гум шуд. Китоби дарсии “Таърихи адабиёти тоҷик”-ро (аз қадим то асри XIII), ки соли 2017 чоп шуд, надиданд…“,- афсӯс хӯрд Абдуғаффор Шарифзода.

Чаро Шарифзода академик нашуд?

Худоӣ Шарифзода дар радифи Абдунабӣ Сатторзода, Аълохон Афсаҳзод ва Раҳими Мусулмониён яке аз пояҳои илми суханшиносии тоҷик буд. Ӯ муҳимтарин масоили назария ва таърихи адабиёти тоҷикро ба таҳқиқ гирифта, доир ба масъалаҳои назариявӣ ва амалии адабиётшиносӣ, ба мисли назария ва поэтикаи шеъри форсӣ-тоҷикӣ, назария ва таърихи таҳаввули насри форсӣ-тоҷикӣ, зиндагинома ва мероси адабии симоҳои барҷастаи адабиёти қарнҳои миёна, назарияи жанрҳо ва шаклҳои адабӣ, робитаҳои адабӣ таҳқиқоти мондагор таълиф кард. Дар пажуҳишҳои Худоӣ Шарифзода аз ҷумла ҷараёнҳои мазҳабиву фикрӣ ва таъсири он ба адабиёт, навоварӣ ва суннат мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар бахши нақди адабиёти муосири тоҷик чӣ дар назм ва чӣ дар наср хеле фаъол ва муваффақ буд. Бо вуҷуди эътироф шудани асарҳояш дар кишварҳои ҳамзабон ва қадрдонӣ гардидан ба ҷоизаҳои муътабари байналмилалӣ, раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ӯро ба узвият напазируфт.

Профессор Фарангис Шарифзода, духтари ин донишманд мегӯяд: “Бори нахуст раёсати Академияи илмҳо ба ҷонибдории номзадии падарам раъй надоданд. Бори дуввум падарам худашон нахостанд ба узвият пазируфта шаванд. Вале вақте ба узвият пазируфта шуданд, мутаассифона, иқтидору нерӯе, ки барои ҷомеа битавонанд саҳм гузоранд, надоштанд. Ҳавсала ҳам надоштанд, чун вазъи саломатиашон ҳам хуб набуд».

Куллиёти 12-ҷилда

Муҳимтарин навгонии нишасти бахшида ба 85-солагии Худоӣ Шарифзода муаррифии тарҳи куллиёти 12-ҷилдаи олим аст, ки онро профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул муаррифӣ кард. Кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ӯ ба иҷрои ин амр камари ҳиммат бастаанд.

Тарҳи куллиёти Худоӣ Шарифзода чунин аст: Дар ҷилдҳои 1, 2 ва 3 маҷмуан 224 мақолаи пажуҳишии устод (забон, адабиёт, фарҳанг, мақолоти энсиклопедӣ, методӣ ва ғайра, муқаддимаи муфассал), дар ҷилди 4-ум тақризу китобиёт, пешгуфторҳо, ёднома ва 3 мақолаи то кунун номатбуъи устод, дар ҷилдҳои 5, 6, 7 рисолаҳои “Ташаккули афкори адабӣ дар асрҳои X-XI”, “Мақоми Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик”, монографияи устод “Назарияи наср дар адаби форсии тоҷикӣ” ва баргардони русии он — “Теоретические вопросы прозы в таджикско-персидских письменных памятниках”, рисолаҳои “Каломи бадеъ”, “Ҷилои ситораҳо”, “Савти Аҷам”, дар ҷилдҳои 8, 9, 10 асарҳои “Ҳакими суханвар”, “Шоҳнома” ва шеъри замони Фирдавсӣ”, “Рози ҷаҳон”, “Достонҳои бузурги “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ”, “Ҳамосаи шоҳон дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ”, дар ҷилди 11 се китоби дарсии устод: “Балоғат ва суханварӣ”, “Назмшиносӣ”, “Таърихи адабиёти тоҷик”, дар ҷилди 12 мунтахаби тарҷума ва баргардонҳо ва силсилаи тақризу лексия ва фишурдаҳо ҷо карда хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, ишора шуд, ки барои нашри куллиёт низ ҳанӯз масъалаи маблағгузорӣ норӯшан аст.

О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *