Се садамаи мудҳиши нақлиётӣ бо ҳалокати се ронанда

Рӯзҳои 13-14-уми май дар ҷумҳурӣ се садамаи мудҳиши нақлиётӣ бо ҳалокати се ронанда рух додааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти манбаъ, Суҳроб Нуриддинов, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” дар километри 31-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба Душанбе аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд ба автомашинаи дар канори роҳ истодаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Бобоҷон Ғозиев ва автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра”, таҳти идораи Шокир Ҳайдаров бархӯрда, пас аз ин аз роҳи калони мошингард баромада, чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Ғозиев Б. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки шоми 13-уми май ронандаи автомашинаи тамғаи «Маз-630305» Эҳронҷон Очилов ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ» дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати роҳ, ба сангпораҳои канори роҳ буда бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Дилшод Очилови 19-сола, сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба ғайр аз ин, гуфта мешавад, ки зуҳри 14-уми май ронандаи мототсикли боркаши тамғаи “Хунда” Сафаралӣ Қодиров ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба самти ҷамоати деҳоти Даштигулҳо аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада, дар канори рости роҳ мототсиклашро ба ҷӯйбори обгузар чаппа намуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *