Сел ба кадом ноҳияҳо зарар расонд? (ном ба ном)

Дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел, ярч ва сангрезиҳо ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хонаҳову муассисаҳои иҷтимоӣ дар чанд ноҳияи кишвар зарар дидаанд.  

Шаҳринав

Шаби 21 ба 22-юми март бар асари боришоти пай дар пай 56 метр роҳи байнишаҳрии деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав зери сел қарор гирифт.

Ваҳдат

Дар деҳаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат бошад, дар пайи боришоти борони шадид ва боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаи Симиганҷ хатари шуста шудани сарбанди муҳофизатӣ ба вуҷуд омадааст. Аз ин лиҳоз, 20 хонавода муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Роғун

21-уми март дар шаҳри Роғун бар асари боришоти шадид ярч фаромада, роҳи дохилишаҳриро баст.

Хуросон

21-уми март дар ноҳияи Хуросон низ сел омад, ки дар пайи он 25 бинои истиқоматии шаҳрвандон дар деҳаи Чорбоғ-2, ҷамоати Айнӣ зери об монд. Дар ин ноҳия 20 хонавода ба ҷойи амн интиқол ёфтаанд.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Чанд кӯча ва 5 қитъаи наздиҳавлигии сокинони деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи А. Ҷомӣ низ зери об мондааст.

Дар деҳаи Дӯстии ҷамоати Якатут ба саҳни ҳавлии 15 бинои истиқоматӣ ва як корхонаи коркарди пахта сел даромадааст. Аз ин минтақа низ 50 нафар ва 30 cap чорвои калони шохдор муваққатан ба ҷойи бехавф интиқол ёфтаанд.

Қубодиён

Дар ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди деҳаи Равшанободи ҷамоати деҳоти Носири Хусрав ва деҳаи Гулафшон-3-и ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон низ сел омадааст.

Носири Хусрав

Дар ноҳияи Носири Хусрав 3-4-километрии шоҳроҳи Тоҷикистон-Ӯзбекистон зери сел монд.

Ховалинг

21-уми март дар пайи борони шадид сатҳи оби рӯдхонаи Ёхсу баланд шуда, пули роҳи мошингарди деҳаҳои Дашти Рубот ва Суони ҷамоати Шуғнови ноҳияи Ховалингро бо регу шағал пур кард.

Темурмалик

Бар асари омадани сел канали Шӯраксой дар ноҳияи Темурмалик маҷрои худро дигар карда, оби он ба ҳудуди бинои Хадамоти оташнишонии ВКД дар ноҳия ворид шудааст.

Данғара

Дар ҷамоатҳои деҳоти Корез, Пушинг, Сафобахш ва маркази ноҳияи Данғара низ сел омада, заминҳои наздиҳавлигӣ, роҳу кӯчаҳоро зери об кардааст.

Айни ҳол корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *