Сел дар Афғонистон даҳ нафарро кушт

Шабакаи иттилоотии «TOLOnews» хабар медиҳад, ки бар асари селобҳо ва обхезиҳои як ҳафтаи охир дар 23 вилояти Афғонистон дастикам 10 нафар кушта ва қариб 80 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба навиштаи ин манбаъ, Шафиуллоҳ Раҳимӣ, сухангӯйи Вазорати расидагӣ ба рӯйдодҳои табиии Толибон гуфтааст, ки дар муддати зиёда аз як ҳафта дар саросари Афғонистон наздики 2000 хона ва ҳазорҳо гектар замини кишоварзӣ хароб шудаанд. Қисми зиёди талафот ва хисорот дар вилоятҳои Парвон, Урузгон ва Балх рост меояд.

Сокинони Парвон ва Урузгон мегӯянд, ки боришоти шадид ва обхезӣ ба онҳо хисороти бузург расонидааст. Онҳо аз созмонҳои башардӯстона ва Аморати Исломӣ (ҳукумати Толибон) кумак мехоҳанд.

Аз сӯйи дигар, Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки бар асари боришоти шадид ва обхезии рӯзҳои охир наздики 645 оила дар 7 вилояти Афғонистон зарар дидаанд.

Ин дар ҳолест, ки Идораи ҳавошиносии Афғонистон аз боришоти шадид ва хатароти обхезӣ дар 26 вилояти ин кишвар ҳушдор додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *