Сел дар Деваштич мактабро вайрон карду ҷони як касро гирифт
— Нисфирӯзии 13-уми июн дар деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич сел фаромада, девори мактабро фурӯ резонду як сокини маҳаллиро ҳалок кард,- хабар медиҳад дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон.
Дар натиҷаи омадани сел таҳхонаҳои хонаҳои сокинони маҳаллӣ қисман зери об монда, ҳамчунин, сел боиси фурӯ рехтани девори мактаби деҳа гардидааст.
Барои ташкили кор оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ҷойи ҳодиса комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулода кор мекунад.
Қобили зикр аст, ки қаблан Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки аз 13 то 15-уми июн бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво сатҳи обҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баланд мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ