Сел дар Хуҷанд: Роҳу таҳхонаҳо зери лойоба мондаанд
Шоми 2-юми апрел бар асари боришоти борон маҳаллаи 3-юми кӯчаи Зуҳал, роҳи асосии маҳаллӣ ва чанд таҳхонаи биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд зери сел мондаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сел омадааст.
— Дар натиҷа, ду километр роҳи маҳаллӣ тахриб ёфта, як бинои истиқоматӣ, ду молхона ва як қисми заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла як боғи зардолу қисман зери об мондааст. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Гулхани ноҳияи Ҷаббор Расулов низ сел ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара тақрибан 300 метр роҳи маҳаллиро лойоба ва сангреза зер кардааст. Қисме аз роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ низ зери лойобаву сангреза мондааст,- иттилоъ медиҳад КҲФ.
Гуфта мешавад, ки наҷотдиҳандагони КҲФ дар вилояти Суғд дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд 2 мошини “Газел”-ро аз лойоба берун овардаанд. Бахше аз шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ низ аз лой тоза карда шудааст. Дар натиҷаи офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
— Айни ҳол барои анҷом додани дигар корҳо оид ба рафъи оқибатҳо ва муайян кардани зарар дар маҳалҳо комиссияҳои минтақавии ҳолатҳои фавқулода кор мекунанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ