“Senora”-и Ҳасан Мадудов нашр шуд
Ҳасан Мадудов, ки дар миёни рэпсароён бо услуби ғайриоддиаш мавқеи махсус дорад, ин навбат рэпи нави худро бо номи “Senora” нашр кард.
“Senora” дар ютубканали “Avlod media”, ки мутааллиқ ба рэпери маъруф Барон аст, нашр гардида, дар муддати кӯтоҳ шунавандагони зиёд пайдо кард.
Рэпи мазкурро ҳаводорони рэп ва мухлисони Ҳасан Мадудов хеле хуб пазируфта, бо истифода аз пораҳои ҷолибаш ҳар гуна “сториз” ва “рилс”-ҳо таҳияву пахш карданд.
Ҳоло замонест, ки агар ба дилхоҳ маҳсули эҷод корбарони интернет “сториз” ва “рилс” нашр кунанд, пас он ба камаш як миллион нафарро дарбар мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ