Шаҳрдор ба ваъдааш вафо кард:Муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров иваз мешавад!

     Рӯзномаи Тоҷикистон соле ду маротиба аз паст будани қад, кутоҳии пой ва монанд набудани муҷассама ба Қаҳрамони Тоҷикистон мавод омодаву нашр кард, ки дар натиҷа масъулин барои ҳали масъала камари ҳиммат бастанд, менигорад хабарнигор.  

Дар ин бора хабарнигори озод  Машраби Аловиддин хабар дод. Қарор аст дар наздиктарин фурсат муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Бохтар иваз карда шавад. Барои амалӣ кардани ин тарҳ аз буҷети маҳаллӣ аллакай 200 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Комрон Гулов, сардори Идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар дар суҳбат гуфт, чанд маротиба аз ҷониби рӯзноманигорон дар масъалаи монанд набудани муҷассамаи гузошта шуда ба Бобоҷон Ғафуров  эрод гирифта шуд. Баъдан шаҳрдорӣ дар масъалаи изав кардани он талош кард ва хушбахтона дар нақшаи идораи мо барои соли 2021 ҷой карда шуд,-афзуд вай. Ӯ мегӯяд, муҷассамаро дар шаҳри Душанбе омода карда ба Бохтар овардем. Ҳоло дар тарадуди иваз кардани мавзеъи ҷойгиршавии он ҳастем. Дар сурати муайян кардани ҷойи мувофиқ муҷассама гузошта мешавад,-таъкид кард ӯ. 

“Мақомоти маҳаллӣ дар мувофиқа бо устодон аз Академияи илмҳои кишвар аз се шакли пешниҳодшуда якеро интихоб карданд. Ин муҷассама аз пайкараи қабли ба кули фарқ дорад. Баладияш панҷ метр буда, симояш ба Қаҳрамони Тоҷикиситон монанд аст. ”

Рӯзномаи Тоҷикистон соле ду маротиба аз паст будани қад, кутоҳии пой ва монанд набудани муҷассама ба Қаҳрамони Тоҷикистон мавод омодаву нашр кард, ки дар натиҷа масъулин барои ҳали масъала камари ҳиммат бастанд, менигорад хабарнигор.  

Ҳабибулло Иззатуллозода, сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар гуфт, дар умум барои муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров дар ҳисоби буҷети маҳаллӣ 200 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 40 дарсади маблағи пешбинишуда пардохт шудааст. Бо пешниҳоди санади иҷроиши кор боқимонда маблағ пурра пардохт мешавад,-илова намуд ӯ.

   Сиҷоуддин Саломзода, шаҳрдори Бохтар зимни аввалин нишасти матбуотии хеш 10 феврали 2020 иброз дошта буд, ки дар қадами аввал муҷассамаи Бобоҷон Ғафуровро дар шаҳри Бохтар навсозӣ мекунад.

Ӯ гуфта буд: “Ман пеши худ вазифа гузоштаам, ки дар мади аввал бо пайдо намудани маблағ муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистонро пурра аз нав созам”. 

 Аз гуфтаҳои Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар вақти кам нагузаштааст. Аммо муҳим, ин ки ӯ ба ба ваъдааш вафо  кард ва муҷассама иваз мешавад.  

Фарсудагӣ, паст будани қад ва кутоҳии пой сабаби асосии иваз кардани муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар гардид. Муҷассамае, ки ба қавле 20-сол пеш дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар насб шуда буд ба  андоми Бобоҷон Ғафуров чандон шабоҳат надошт. Мутахассисон мегӯянд, иваз кардани чунин муҷассама бо пайкараи ҷавобгӯ ба талабот амали саривақтӣ ва шоиста аст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *