Шаҳнози Хуҷандӣ — Тоҷикистон
Кўча
Кўча холист, дар он замзамаи пое нест,
Гўш бар бод бинеҳ, гармии овое нест.
Бод мечархаду дар боғ баҳоре ҷўёст,
Лек дар чашми хазон ҳарфи тасаллое нест.
Дур гаштам зи ваю бо ҳама наздикӣ монд,
Оҳ, чун дурии мо васлати зебое нест.
Чист пайвастани ту бо ҳама, эй оина?
Сахт танҳоию монанди ту танҳое нест.
Рўҳ пайванди ҳавас гашту зи ҳастӣ бигрехт,
Дер шуд! Як нафаси гарми масеҳое нест.
Ҳарфи дигар бизанам з-омадани фардоҳо,
Оҳ, чун дар паси ин панҷара фардое нест.
***
Як таронаам
Ман як таронаам, ки ту эҷод кардаӣ,
Ман сар кашидаам зи дили поку нарми ту.
Ман як таронаам, ки сару по бирехтам,
Дар пои бўси насими нафасҳои гарми ту.
Ман як таронаам, ки ту онро сурудаӣ,
Дар бомдоди содиқи урдубиҳишти моҳ.
Маъсуму беғубор, пур аз меҳри кўдакӣ,
Дар сояи нигоҳи ту бигрифтаам паноҳ.
Оре таронаам, зи лаби ту пар кашидаам,
Аммо маро зи шодию мафтуният чӣ суд?
Имрўз гар ту гаштаӣ маҷзуби ман, дареғ,
Як рўз хоҳӣ майли суруди дигар намуд.
Ман як таронаам, ки ту дар пардаҳои дил,
Бо меҳру бо навозишу гармӣ супурдаӣ,
Оканда аз узубати андўҳи дарднок,
Ман як таронаам, ки ту эҷод кардаӣ!
***
Умеди сабз
Ман аз шабоҳати ту бо ғурўб метарсам,
Ки дар фазои нигоҳат тулўи баҳманҳост.
Диле, ки хост баҳоре биёфарад, модар,
Чаро ҳанўз диёри ғурбати шеванҳост?
Ҳадиси ғуссаи ногуфтаю ниҳонӣ буд,
Ҳуруфи ашки дили чашмҳои хомўшист.
Баҳор номаи ишқи кабўтарон овард,
Вале нигоҳ ба он ҷумла шуд фаромўшат.
Садои гарми муноҷоти дастҳоят буд,
Ки дар нигоҳи саҳар офтобро дидам.
Дар ошёнаи хушкидаи дили бе ишқ,
Умеди сабзи гиёҳ, нишоти кор дидам.
Манам, ки дар нафаси лаҳза ҳеҷтар аз ҳеҷ,
Чӣ гўям аз туву қалби меҳрубони ту.
Фурўғи тозаи шеъри ҳамеша ногуфта,
Таҷаллиам диҳад аз шоми дидагони ту,
Ман аз шабоҳати ту бо ғурўб метарсам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ