Шахсияти ҷасади пайдошуда аз дарёи Зарафшон муайян шуд
Ҷасаде, ки аз дохили дарёи Зарафшон пайдо шуд, 55 -сола буда, сокини ноҳияи Айнӣ мебошад.
Тавре ки аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд хабар доданд, шоми 20-уми май, тахминан соати 17:38 дақиқа аз дохили дарёи Зарафшон, воқеъ дар деҳаи Марғедари шаҳри Панҷакент ҷасади шахсияташ номаълум пайдо шуд.
Гурӯҳи наҷотдиҳандагони водии Зарафшон бо роҳбарии муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд баъди гирифтани хабар ба шаҳри Панҷакент сафарбар гардиданд. Баъди ба ҷои ҳодиса расидан, маълум шудааст, ки ҷасад дар дохили дарёи Зарафшон дар байни дарахтон мондааст. Гурӯҳи наҷотдиҳандагон ҷасадро аз дохили дарё бароварда, ба мақомоти дахлдор супориданд.
Диловар Ҳамдамов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ҳодисаро ба хабарнигори Pressa.tj тасдиқ карда, гуфт, ки ҷасади дарёфтшуда сокини 55-солаи ноҳияи Айнӣ мебошад.
Бино ба маълумоти вай, ҷасад баъди дастрас гардидан ба мақомоти дахлдор ба соҳибонаш супорида шуд.
Маълум шудааст, ки ҳодиса 8-уми май дар пайи як садамаи нақлиётӣ рух додааст. Баъди гузашти беш аз 10 рӯз ҷасад аз водии Зарафшон дарёфт шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ