Шахсияти зани дар Варзоб ғарқшуда ҳануз маълум нест

Наҷотбахшони Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи ҷустуҷӯ ва
наҷотбахшии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар давоми рӯзи гузашта ҷасади як занро аз дарёи Варзоб берун овардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии КҲФ, оид ба дарёфти ҷасади зан ба қисми навбатдории ниҳод, сокинони маҳаллӣ хабар додаанд.
«Хабар дода шуд, ки ҷасад дар дарёи Варзоб ҳудуди деҳаи Ҷангалак пайдо шудааст», — афзудааст ин ниҳод.
Гуфта мешавад, наҷотбахшон бо расидани хабар ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади зани ҷавони тахминан 20-22-соларо берун оварда, ба пулис супурданд.

Дар ҳоли ҳозир шахсияти духтари ҷавон шиносоӣ нашудааст ва сабаби марги ӯ таҳқиқ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *