Шарҳи Мария Захарова вобаста ба вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар саҳифаи телеграммии t.me/posolstvoRF/1617 дар робита ба вазъияти пешомада дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон шарҳ ироа кардааст.

— Ҷониби Русия вазъи муташанниҷ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро, ки субҳи 14-уми сентябр дар пайи тирпарронӣ миёни марзбонон дубора авҷ гирифт, бодиққат назорат мекунад. Бо дарназардошти созишномаҳои мавҷуда миёни президентҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон, мо аз ҳарду ҷониб даъват менамоем, ки барои ба майдони сиёсӣ ва дипломатӣ баргардонидани вазъ тамоми чораҳои заруриро андешанд ва ҳама гуна иғвогаронро якҷоя саркӯб кунанд,- омадааст дар шарҳ.

— Мо омодагии худро изҳор менамоем, ки ба ҷонибҳо дар расидан ба ҳалли дарозмуддати мутақобилан қобили қабули масъалаҳои сарҳадӣ бо истифода аз таҷрибаи ғании Русия дар таъмини сарҳад, аз ҷумла бо ҳамсояҳои Осиёи Марказӣ кумак кунем,- зикр намудааст манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *