Шарҳи муноқишаи хонандагон дар мактаб

Дирӯз, 24-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати муноқишаи хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Душанбе инъикос ёфтааст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки ҳодисаи мазкур санаи 24-уми апрел, тақрибан соати 12:40 дақиқа дар саҳни мактаб рух додааст. Хонандагони синфи 8 бо сабабҳои ночизе як нафар хонандаи синфи 7-и муассисаи мазкурро латукӯб кардаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур кормандони милитсия бо хонандагон суҳбату мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, масъулони муассисаи мазкур барои беаҳамиятӣ огоҳонида шудаанд.

Ҳамзамон, нисбати волидайни 3 нафар хонанда тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *