Шарҳи рабуда шудани муовини раиси Ориёнбонк
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри чанд акс ҳодисаи рабуда шудани муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк»-ро аз ҷониби нафарони номаълум шарҳ дод.
— Дар акс шумо расми гумонбари эҳтимолии ҷинояти одамрабоиро мебинед, ки қадаш тахминан 168 -175 см, намуди баданаш варзишӣ, дар сараш кӯлоҳ (кепка), риши расида ва айнак дошта, ниқоби тиббӣ истифода мебарад,- навишт манбаъ.
Манбаъ ёдовар шуд, ки 23-юми июни соли 2023, тахминан соати 20:10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович (ҷойи кораш — муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк») аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ дастгир карда шуда, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи «Хюндай-Соната», рақами қайди давлатиаш 01-97 М 01, қаблан 129 ХА 01, рангаш сиёҳ, пурра сиёҳшиша маҷбуран савор карда, аз ҷойи ҳодиса бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ — Майдони сарҳадчиён — маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, ба назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб задааст.
Эълон карда шудааст, ки нафароне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷми баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд. Таъмини амнияти мусоидаткунандагон ва ифшо нашудани шахсияти онҳо кафолат дода шудааст.
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории махфӣ бо шаҳрвандон дар Вазорати корҳои дохилӣ утоқи алоҳидаи махсуси махфии боварӣ бо рақами телефони мобилии +992 93-922-24-46 пайваст ба барномаҳои интернетии: WhatsApp, Viber, Imo, Telegram, суроғаи электронӣ: [email protected] созмон дода шудааст.
Рақами телефони боварии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ: +992-888-55-11-11 пайваст ба барномаҳои месенҷерии WhatsApp, Viber, Imo, Telegram.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ