Шарифҷони тоҷикро дар Русия  ҷосус мегӯянд

Шарифҷон Тиллозодаро ба ҷосусӣ ба нафъи Украина муттаҳам мекунанд.

 Ӯ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт ва ният дошт пас аз адои хизмат шаҳрвандии ин кишварро соҳиб шавад, аммо дар лаҳзаи охирин аз ширкат дар ҷанг даст кашид.

Рӯзи 10 октябри соли 2023 Додгоҳи ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав дар ҷаласаи пӯшидаи додгоҳ дархости тафтишот дар бораи интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс нисбати шаҳрванди Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Мундариҷаи парвандаи ҷиноятӣ маълум нест, зеро маводҳо махфиянд. Тиллозода дар содир намудани ҷинояти моддаи 276-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (ҷосусӣ) гумонбар аст. Аз рӯи ин модда то 20 соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст. Суд ӯро то 10 декабр ба ҳабс гирифт.

Шарифҷонро бо ихроҷи маҷбурӣ аз Русия 5 ҳазор рубл ҷарима бастаанд. Тавре ки аз маводи мурофиаи додгоҳии аз ҷониби ТАСС баррасишуда бармеояд, Тиллозода гуноҳи боздид карданаш аз қаламрави пӯшидаро эътироф намуда, аммо мушаххасан нагуфтааст, ки бо чӣ ҳадаф ин корро кардааст. Пас аз ин ӯро дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Егоревск ҷойгир карданд.

Шарифҷон Тиллозода хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон буд ва худро ҳунарпешаи театр ва кино муаррифӣ мекард. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ноадолатӣ дар соҳаи фарҳангу кинои Тоҷикистон шикоят карда иддао карда буд, ки ӯро беасос аз “Тоҷикфилм” рондаанд.

То имруз  марги беш аз 20 ҷавони тоҷик дар ҷанги Русия алайҳи Украина сабт шудааст.Ин дар ҳолест,ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳушдор дода буд, ки ба барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *