Шаш гол дар панҷ бозии Лигаи олӣ
Даври чоруми Чемпионати футболи Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид, ки дар ду бозӣ натиҷаи мусовӣ ба қайд гирифта шуд ва як бозӣ бар нафъи меҳмонону ду бозии дигар бар суди соҳибони майдон хотима ёфт.
Агар дар даври гузашта хафт гол зада шуда бошад, пас даври чоруми Лигаи олӣ шумораи голҳо боз ҳам камтар шуд. Дар панҷ бозӣ ҳамагӣ шаш гол зада шуд. Пешсафи ҷадвали мусобиқа «Истиқлол»-и Душанбе мебошад, ки 10 имтиёз дорад. Баъдан «Эсхата»-и Хуҷанд (9 имтиёз) қарор дорад. «Хатлон»-и Бохтар бо шаш имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шудааст.
Даври панҷум бояд рўзҳои 20 ва 21-уми апрел баргузор мешуд, аммо ба далели дар рўзи 21-уми апрел омадани Иди Рамазон вохўриҳои ин давр ба рўзҳои дигар гузаронида шуданд.
Вохўриҳои даври 6-ум рўзҳои 25 ва 26-уми апрел баргузор мешаванд. 25-уми апрел «Хатлон» бо «Кўктош», «Регар-ТадАЗ» бо «Ҳосилот» ва «Эсхата» бо «Равшан» бозӣ мекунанд. Бозиҳои «Истиқлол» бо КМВА, «Хуҷанд» бо «Файзканд» рўзи 26-уми апрел баргузор хоҳанд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ