Шаш мактабу боғчаро сел бурду 86 нафар ғарқ шуданд

Ин ҳодисаҳо дар давоми шаш моҳи охир ба миён омаданд  ва  ин рақамҳо дар нишасти матбуотии Кумита ҳолатҳои фақулоддаи Тоҷикистон садо доданд.

Тавре дар нишаст роҳбари ин сохтор генерал -полковник Рустам Назарзода иброз намуд, дар ин муддат 532 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки зарари умумӣ  133 миллиону 663 ҳазору 500 сомониро ташкил додааст.

Ин ҳодисаҳо бошанд, ҷони 15 нафарро бурдаанд, ки 9 нафар дар сел ҷон бохта, 4 нафарро раъду барқ зада, ду нафар зери ярч мондаад.

Аммо тавре аз  омори пешниҳодшуда  бармеояд, аз ҳама бештар шумораи ғарқшудагон зиёд мебошад, ки дар дарёю кӯлҳои кишвари мо ба ҳалокат расидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *