Шаш нафар суд мешаванду ду нафар дар ҷустуҷӯ
Суди шаҳри Душанбе ба муҳокимаи як гуруҳи шашнафарӣ шуруъ карданд, ки ба қочоқи тақрибан ним тонна маводи мухаддир муттаҳаманд. Мақомот гуфтанд, ин гуруҳро ба раҳбарии Азизулло Абдуллоев, машҳур бо лақаби “Азизи хонасоз”, охири моҳи июли имсол ва дар рӯзи Иди Қурбон дастгир карданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 13-уми октябр дар наворе гуфт, ин афрод маводи мухаддирро аз Афғонистон оварда, ба кишварҳои дигар интиқол медоданд. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 14-уми октябр гуфт, Азизулло Абдуллоев ва ҳамроҳонаш (Сиёвуш Содиқов, Азамат Тулаганов, Сорбон Сабзқадамов, Бурон Саматов ва Мурод Хуҷаев) ба қонунӣ кардани молу мулки ғайриқонунӣ низ муттаҳам мешаванд. Азамат Тулаганов шаҳрванди Узбекистон будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ