Шавкат Мирзиёев: Имсол ҳаҷми оби Аму ва Сир кам мешавад

Ҳаҷми оби дарёҳои асосии Осиёи Марказӣ — Амударё ва Сирдарё метавонад то охири имсол ба далели камбуди об коҳиш ёбад. Дар ин бора аз пешгӯии дахлдори фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев маълум шудааст.

«Дар мавсими нашъунамои соли 2023 коҳиши ҳаҷми захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир 10-15% ва Аму 15-20% аз меъёри дарозмуддат дар назар аст»,- гуфта мешавад дар хуҷҷат.

Истеъмоли аз ҳад зиёди об дар дарёҳои Аму ва Сир боиси нарасидани захираҳои об дар поёноби онҳо, бахусус хушк шудани баҳри Арал гардид.

Гуфта мешавад, ки тақсимоти нобаробари захираҳои об дар Осиёи Марказӣ боиси бархӯрди манфиатҳои байни таъминкунандагони асосии об (Тоҷикистон ва Қирғизистон) ва истеъмолкунандагони асосӣ (Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон) мегардад.

“Таъмини об дар минтақа то соли 2040 метавонад қариб 25 фоиз коҳиш ёфта, аз ҳисоби афзоиши истеъмол ва афзоиши иқтисоди ин кишварҳо то 1,5 ҳазор метри мукааб дар як сол бар сари як одам кам шавад”,- омадааст дар маълумоти Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии оби Осиёи Марказӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *