Шералӣ Кабир аз зери дастгоҳи нафасгирӣ баромад
Шералӣ Кабир, менеҷери молиявӣ, иқтисодшиноси варзида ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар бемористон бистарӣ аст.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба бемории «илтиҳоби шуши дутарафа» гирифтор шудааст. “Озодӣ” хабар медиҳад, ки ӯ 10 рӯз инҷониб аз ин беморӣ ранҷ мебарад ва 1-уми июл аз зери дасгоҳи нафаси сунъӣ берун омадааст.
Шералӣ Кабир дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология воқеъ дар шаҳри Душанбе маъруф бо номи “Клиникаи Мансуров” бистарӣ мебошад.
Як манбаъ аз Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология гуфтааст, Шералӣ Кабир ба бемории «илтиҳоби дутарафаи шуш» гирифтор шудааст ва дар ҳоли ҳозир таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.
Гуфта мешавад, ки вазъи саломатии Шералӣ Кабир рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Ёдовар мешавем, ки Шералӣ Кабир моҳи ноябри соли 2020 вазири саноат ва технологияҳои нав таъин шуда буд. То ин мақом ӯ роҳбари депортаменти молияи ширкати «Талко» ва баъдан раиси Шӯрои мудирони он кор кардааст.
Шералӣ Кабир 22-уми ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шуда, соли 1992 Донишкадаи савдо ва кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст. 0иладор ва соҳиби 5 фарзанд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ