Шералӣ Кабир дар Панҷакент аз корхонаи бекорхобида ҳам дидан кард (аудио)

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон давоми ду рӯз бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Панҷакент ошноӣ пайдо кардааст.

Бино ба иттилои мақомоти шаҳри Панҷакент, рӯзҳои 25-26-уми март дар ҷараёни сафар вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазъи фаъолияти ҶДММ КМ «Зарафшон» ва корҳои сохтмонӣ шинос шудааст. Гуфта мешавад, дар назди ин корхона ҶДММ «Маводи ба фарсудашавӣ тобовар» ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ки минбаъд дар он саққо истеҳсол карда мешавад. Аслан, ин маҳсулот барои қимма кардани санг лозим буда, қаблан аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд дастрас мегардид.

Дар маркази хизматрасонии “Убайдулло”, коргоҳҳои дўзандагӣ, мағозаи фурўши либоси мактабӣ, маркази дандонпизишкӣ ва коргоҳи мебелбарорӣ ба истифода супорида мешавад.

Ба Шералӣ Кабир иттилоъ додаанд, ки бо истифодадиҳии иншооти мазкур зиёда аз 100 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад. Аз ҷумла, 70 нафар дар коргоҳҳои дӯзандагӣ, 40 нафар дар мағозаҳои фурӯши либоси мактабӣ ва дар коргоҳи мебелбарориву маркази дандонпизишкӣ фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон, Шералӣ Кабир аз ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Мармари Саразм”, ҶДММ «Парандис» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед» дидан намуда, ба масъулин барои бартараф намудани муаммоҳо машварату дастур додааст.

Бояд гуфт, ки корхонаи саноатии «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед» воқеъ дар деҳаи Рукнобод ҳоло фаъолияти самарабахш надорад. Ин корхона чанд сол инҷониб аз фаъолияти пурра бозмонда ва сабабҳои онро масъулини ниҳодҳои иқтисодии кишвар шарҳ намедиҳанд. Корхона бо маблағгузории Чин сохта шуда, соли 2015 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳабардорӣ қарор гирифта буд.

Корхонаи маъдантозакунии Рукнобод аз тарафи ширкати чинии «Броадтек» бо арзиши лоиҳавии 135 миллион сомонӣ (21 миллион долари ИМА) сохта шудааст.

Гуфта шуда буд, ки иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди 75,0 ҳазор тонна маъдан буда, ҳамасола ба маблағи 10 миллион сомонӣ хокаи қалъагӣ ва мис истеҳсол менамояд.

Дар ин корхона бояд 220 нафар бо кори доимӣ таъмин мешуданд, ки аз онҳо 140 нафарашонро мутахассисони маҳаллӣ фаро мегирифтанд.

Ин корхона дар наздикии кони «Мушистон», воқеъ дар қаторкуҳҳои Зарафшон бунёд шуда, аз маркази шаҳри Панҷакент 30 километр дуртар ҷойгир аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *