Шикасти “Ан-Наср”. “Қадами номуборак”-и Роналду? (аудио)
«Ан-Наср» дар даври ниманиҳоии Суперҷоми Арабистони Саудӣ аз тими «Ал-Иттиҳод» шикаст хӯрд.
Вохӯрӣ, ки дар Риёз баргузор шуд, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи “Ал-Иттиҳод” анҷом ёфт. Дар он Романин (дақиқаи 15-ум), Абдерразоқ Ҳамдалоҳ (43) ва Муханнад Ал-Шанкити (90+4) гол заданд.
Баъди ин ҳамлагари тими “Ан-Наср” Криштиану Роналду дар даври ниманиҳоии Суперҷоми Арабистони Саудӣ мавриди интиқоди мухлисони “Ал-Иттиҳод” қарор гирифт.
Бино ба гузориши Talksport, мухлисон ҳангоми бозӣ аз шиорҳои “Месси! Месси!” истифода намуда, аз гуфтори номи Криштиан худдорӣ кардаанд.
Дар бозии навбатӣ «Ал-Наср» дар чемпионати Арабистони Саудӣ бо «Ал-Фотеҳ» бозӣ мекунад. Бозӣ 3-юми феврал баргузор мешавад.
СУМАН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ