Шикасти иқтисодиёт: Аз коҳиши интиқоли пул то …

Аввалин зарба:

Коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон

Дар баробари дигар аз кишварҳо, мавҷи бемории сироятӣ  иқтисодиёти кишвари моро низ доман зад, ки ба гуфтаи таҳлилгарон хисороти расида беш аз 600 млн. долларро ташкил медиҳад. Аксар аз иқтисоддонҳо хулоса мекунанд, ки оқибатҳои баъдии он аз буҳрони иқтисодии солҳои 2008-2009 низ вазнинтар хоҳад гашт.

Аввалин зарбаи COVID-19, ки андак монда буд, камари иқтисодиёт бишканад, ин коҳиш ёфтани интиқоли пули муҳоҷирони кории тоҷик маҳсуб мегардад. Бино ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аст, ки мутаассифона  дар муқоиса бо соли гузашта интиқоли пул имрӯз 80 фоиз коҳиш ёфтааст. Мардуми деҳот заминҳои наздиҳавлигиро василаи аз буҳрон раҳо гаштани худ маънидод мекунанд. Ба андешаи онҳо, агар ин буҳрон дар фасли сармо онҳоро доман мезад, яқин буд, ки аксар дучори мушкилоти бузург мешуданд. Чунин таҷрибаи талх аҳолиро водор кардааст, то заминҳои наздиҳавлигиро пурмаҳсул истифода баранду барои зимистон хӯрока захира кунанд.

Карантин камаршикан?

Вақте коронавирус дар ҳар гӯшаву канори кишварамон доман зад, бархе аз таҳлилгарону коршиносон пешниҳод карданд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ  дар сар то сари кишвар карантин эълон гардад. Аммо баъзе аз иқтисоддонҳои кишвар мухолифи ин пешниҳод баромад карда, хулоса карданд, ки агар кишварамонро карантин фаро гирад, он гоҳ иқтисодиёт пасттарин нуқтаро соҳиб ва мардумро буҳрони амиқи иқтисодӣ ба доми худ хоҳад кашид.

Бар асари паҳншавии беморӣ танҳо фаъолияти баъзе аз бозорҳои ғайрихӯрокворӣ муваққатан манъ карда шуданду халос.

Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ  хисороти амиқи карантинро чунин шарҳ медиҳад: -тибқи ҳисобҳои пешакӣ, агар дар ибтидои зуҳури коронавирус дар мамлакати мо карантини шадид  эълон мешуд, заводҳо, фабрикаҳо ва корхонаҳо баста мешуданд ва  корҳои кишоварзӣ идома намеёфтанд, ба иқтисодиёти мамлакат зарари бузург расонида мешуд. Яъне, буҷети давлат аз 16 млрд. 500 млн. сомонӣ маҳрум мешуд.

Воқеан ҳам, метавон таҳлилу хулосарониҳои Ш.Раҳимзодаро ҷонибдорӣ кард. Дар давоми пандемия истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзӣ ба мисли пештара идома ёфт ва ин раванд то ба имрӯз идома дорад, ки чунин омилҳо дар афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) мусоидат хоҳад кард.

Ба андешаи Ш. Раҳимзода, дар чунин шароити вазнини иқтисодӣ, Тоҷикистон наметавонад нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва сатҳи рушди солонаро мисли солҳои гузашта таъмин намояд.

Аброр Мирсаидов, коршиноси соҳаи иқтисод дар тақвияти гуфтаҳои Ш.Раҳимзода илова мекунад, ки соҳаҳои хизматрасонӣ, аз қабили  сартарошхонаҳою кошонаҳои ҳусн, ошхонаҳои умумӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ бар асари бемории COVID-19 фаъолияташонро чанд муддат қатъ карданд, ки чунин кор дар мадди аввал бар зарари худи онҳост. Агар ҳар як корхона дар як моҳ тахминан 12 000 ҳазор фоида меовард, аз он тахминан 3000 сомониаш андоз буд. Худ тасаввур намоед, ки корхонаҳое, ки қариб 2 моҳ фаъолият накарданд, оқибат чӣ миқдор зарари молиявӣ диданд.

Воқеан ҳам, агар карантин эълон гардад ва корхонаи истеҳсолие, ки як коргар дар як рӯз 600 адад маҳсулот истеҳсол менамояд, дар як моҳ 18 000 ҳазор адад маҳсулотро аз даст медиҳад ва дар маҷмӯъ зарари молиявию иқтисодии ба корхона расида, хавфи аз байн бурдани он корхонаро ба миён меорад.  

COVID-19 садди иҷрои даромади буҷет

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ  омилҳои таъмин нашудани иҷрои қисми даромади буҷети давлатиро дар нокифоягии афзоиши манбаъҳои андозбандӣ, фаъолият накардан ва коҳиш ёфтани манбаъҳои андозбандишаванда аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ,  ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, муваққатан фаъолият накардани  бозорҳо ва марказҳои калони тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, кам шудани воридоти мол, коҳиш ёфтани гардиши савдои чакана ва ногувор шудани вазъи молиявии баъзе аз корхонаҳо, паст шудани қобилияти харидории шаҳрвандон ва кам шудани шумораи коргарон дар аксарияти субъектҳои хоҷагидор маънидод кард.

Бино ба гуфтаи мавсуф, дар натиҷаи таъсири як қатор омилҳо  нақшаи муқарраршудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 92,9% таъмин нагардид ва ба буҷет 372,5 млн. сомонӣ кам маблағ ворид гардид.

Давлатзода бемории коронавирусро сабаби коҳиш ёфтани интизоми андозсупории андозсупорандагон маънидод кард, ки аз шумораи умумии шахсони ҳуқуқии амалкунанда беш аз 13,0 фоизи онҳо  муваққатан аз фаъолият бозмонда, зиёда аз 15,0 фоизи чунин субъектҳо ҳисоботи худро ба мақомоти андоз ба таври сифрӣ ё дар дигар ҳолатҳо зиёда аз 10,0 ҳазор андозсупорандагон эъломияҳои андозиро сари вақт ба мақомоти андоз пешниҳод накарданд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, дар ин давра ба буҷет воридоти андозҳо асосан аз ҳисоби 30 адад корхонаҳои калони соҳаҳои саноат, хизматрасонии байналмилалии мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, меҳмонхонаҳо, як қатор бонкҳои тиҷоратӣ, соҳаи алоқа, ширкатҳои сохтмонии дар иншооти муҳими давлатӣ иштирокдошта коҳиш ёфта, ҳамагӣ 650,0 млн. сомонӣ маблағҳо пардохт карда шуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 424,0 млн. сомонӣ камтар аст.

Ба қавли Давлатзода, омили дигаре, ки садди таъмин нашудани иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ гашт, ин дар сатҳи зарурӣ афзоиш наёфтани музди меҳнат ва шумораи коргарон дар баъзе корхонаю ташкилот мебошад, ки манбаи андозбандии андози даромад ва андози иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Аз гуфтаҳои раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон хулоса кард, ки пандемияи миёншикан сабаб гашту қисми даромади буҷет иҷро нагардид.

Имрӯз мардумро хавфи сар боло кардани марҳилаи дуюми бемории коронавирус ба таҳлука андохтааст. Аммо набояд худро таслими навмедӣ кард, зеро Худованд дар муқобили ҳар гуна мушкилот роҳи ҳалҳои онро низ пешниҳод кардааст, ки тавассути ақлҳои солим, талошу заҳмати коршиносону иқтисоддонҳои кордону уҳдабаро метавон иқтисоди кишварро муътадил нигаҳ дошт.

Аммо…

То хурӯҷи бемории пандемия ҳар гуна норасоиву мушкилоти иқтисодиро марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ медонистем ва усули мазкурро ҳар масъул ягона василаи аз об хушк баромадани худ пазируфта буданд. Акнун, ки пандемия ҷаҳонро ба гирдоби худ печонидааст, ҳар масъулу бемасъул иллати ҳар гуна норасоиву иҷро нагаштани нақшаҳои худро таҳмили COVID-19 мегардонанд.Ё нодуруст хулоса кардам?

Муҳиддин Идизода,

 махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *