Шикасти «Истиқлол» ва «Эсхата» дар даври ҳафтуми чемпионат
Дар даври ҳафтуми Чемпионати футболи Тоҷикистон пешсафони ҷадвали мусобиқот дастаҳои «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.
Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ғолиб шуд. Дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд мусовӣ бозӣ карданд. Дар бозии дигари ин давр дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдони худ аз дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар мағлуб шуд.
Пас аз натиҷагирии даври ҳафтуми мавсими 32-юми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 11 имтиёз дар љойи аввал аст.
Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 10 имтиёз ҳамоно дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 9-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои баъдӣ ҷой гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ