Шикасти Толибон. Ҷабҳаи муқовимат ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф кард, аммо…

Сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ хабар дод, ки як ноҳияи Афғонистонро дар наздикии марз бо Тоҷикистон аз афроди Толибон озод кардаанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки як сол боз ба зидди ҳукумати нави Толибон дар ин кишвари ҷангзада муборизаи мусаллаҳона мебарад, хабар дод, ки неруҳояш рӯзи 3-юми октябри соли 2022 бинои раёсати вулусволӣ ё ноҳияи Шикай дар минтақаи Дарвози вилояти Бадахшон дар шарқи Афғонистонро тасарруф карда, чанд мансабдори режими Толибон, аз ҷумла вулусволии Шикай Мавлавӣ Акрамро асир гирифтаанд. Шикай дар марз бо Тоҷикистон, дар рӯ ба рӯи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷойгир шудааст.

Дар наворе, ки неруҳои Ҷабҳаи муқовимат нашр карданд, дида мешавад, ки Мавлавӣ Акрам дар байни ду нафари дигар рӯи кӯрпача нишастааст ва мегӯяд, ки ҳангоми фирор дар як камин ба дасти муқовиматгарон асир афтодааст. Мавлавӣ Акрам гуфт, ки муқовиматгарон бо ӯ бархӯрди хуб доштанд ва ҳеҷ навъ бадрафторӣ ва ҳатто беадабӣ нисбат ба ӯ зоҳир накардаанд.

Дар поёни сабт намояндаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эълон кард, ки ба далели ин ки вулусволии Шикай тоҷик аст ва мардуми ин ноҳия низ аз наҳву шеваи раёсати ӯ розӣ ҳастанд, ӯро раҳо мекунад. Боздошти Мавлавӣ Акрам ва дигар мақомҳои режими Толибон дар рустои Жарф, маркази ноҳияи Шикай сурат гирифта, ӯро аз Жарф ба рустои Даргак бурда ва инҷо аз асорат бидуни ягон қайду шарт раҳо кардаанд.

Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ хабар доданд, ки азбаски нерӯи кофӣ барои дар дастони худ нигоҳ доштани вулусволии Шикайро надоштанд, дар пайи дарёфти хабари ирсоли неруҳои изофии Толибон ба Шикай, ин минтақаро раҳо кардаанд. Онҳо гуфтаанд, азбаски дар шароити куҳистон бо худ бурдани асирон низ мушкил аст, тасмим гирифта шуд, то пеш аз тарки Шикай мақомҳои асирафтодаи Толибонро низ раҳо кунанд.

Ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли 2021, дар охирин рӯзҳои хурӯҷи неруҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрикову паймони ҳарбии НАТО аз Афғонистон тавонистанд дар байни ҳамагӣ чанд рӯз тақрибан ҳамаи қаламрави Афғонистонро ба дасти худ дароранд ва ҳукумати нави худро бо номи “Иморати исломии Афғонистон” рӯи кор оранд.  

Афроди норозӣ аз режими нави Толибон Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи шуҳратёри Эътилофи шимол,  ҷабҳаи қаблии зидди Толибонро ташкил доданд, ки инак беш аз як сол боз аз тариқи ҷангҳои чирикӣ ба зидди Толибон меҷангад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *