Шинос шавед: Раиси нави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 45 сол дорад
Зафарбек Давлатзода, раиси нави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 45 сол дошта, то ин замон раиси шаҳри Конибодом буд. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд ва аъзои ҲХДТ аст.
Ӯ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 11 –уми ноябр Зафарбек Давлатзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардид.
Зафарбек Давлатзода 23-юми майи соли 1975 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1996 Филиали Хуҷандии донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм намудааст. Соли 2014 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Мавсуф солҳои 1996-1998 дар вазифаҳои мутахассиси пешбари колхози «Баҳористон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1998-2007 раиси хоҷагии деҳқонии «Зафар»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2007-2013 дар вазифаи Сардори корхонаи воҳиди давлатии канали «Хоҷа Боқирғон», солҳои 2013-2014 Сардори Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Ҷаббор Расулов, солҳои 2014-2016 Сардори Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2016 то моҳи декабри соли 2018 Сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд ва аз моҳи декабри соли 2018 раиси шаҳри Конибодом ва ҳоло раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ