Шир ба кӣ зарар дорад?
Шир яке аз ғизоҳои бениҳоят муфид буда, дар таркиби он моддаҳои ба ҷисми инсон фоиданок, аз қабили калсий, фосфор ва аминокислотаҳо зиёданд. Туфайли ҳамин моддаҳои муфид шир фишори хунро паст намуда, асабро ором месозад. Аз ҳамин хотир, табибони асабшинос пеш аз хоб нӯшидани як пиёла ширро тавсия медиҳанд. Аммо хӯрдани шир ба баъзеҳо зарар дорад…
Дамиши шикам
Барои он ки шир хуб ҳазм шавад, ҷисми инсон бояд ба миқдори зарурӣ лактоза ҳосил намояд. Агар дар организми шумо норасоии лактоза вуҷуд дошта бошад, хӯрдани шир боиси дамиши шикам мегардад.
Норасоии лактоза дар организм аксаран ирсӣ мешавад, вале баъзан бемориҳои рӯдаву меъда ва ҷарроҳии рӯда низ ба ин иллат бурда мерасонад. Ногуфта намонад, ки шир баъзе одамонро ба шикамрав гирифтор месозад.
Ба диққати одамони калонсол
Шир асосон ба кӯдакону наврасон фоида дорад. Бо мурури замон истеъмоли онро кам кардан лозим аст. Табибон ба шахсони аз 25 то 35-сола дар як шабонарӯз нӯшидани на зиёдтар аз 3 пиёла ширро тавсия медиҳанд. Пас аз 35-солагӣ 2 пиёла ва баъди 45-солагӣ ҳамагӣ як пиёла шир дар як шабонарӯз кифоя аст.
Бо рафтани синну сол ҳазм намудани шир барои ҷисми инсон душвортар мешавад, вале ин чунин маънӣ надорад, ки одамони калонсол бояд тамоман шир нахӯранд. Ҳамааш ба хусусиятҳои хоси ҷисми инсон вобастагӣ дорад. Шахсоне ҳастанд, ки баъди 60-солагӣ низ ҷисмашон аз лактоза саршор аст ва метавонанд ҳар қадаре, ки мехоҳанд, шир хӯранд. Шумо пас аз нӯшидани шир ягон мушкилиро эҳсос накунед, метавонед дилпурона ҳар саҳар ғизои ширӣ истеъмол намуда, ҷисми худро аз калсий ва дигар моддаҳои муфид шодоб созед.
Шир ва аллергия
Баъзе одамон аз шир аллергия доранд ва баъди хӯрдани хӯрокҳои ширӣ дар баданашон доначаҳо медамад. Дар баъзе ҳолатҳо шир метавонад боиси шиддат гирифтани бемории астма гардад, бинобар ин, ба шахсоне, ки аллергия доранд, маслиҳат медиҳем, ки дар нӯшидани шир ва хӯрдани хӯрокҳои ширӣ эҳтиёт бошанд.
Гурдаҳоятон санг доранд?
Одамоне, ки гурдаҳояшон санг доранд, хӯрдани шир метавонад боиси хуруҷи бемориашон гардад. Пайдошавии сангҳои фосфати дар гурда ирсӣ буда, мавҷудияти сангро дар гурда бо роҳи ташхиси ултрасадо ва ё супурдани пешоб аниқ кардан мумкин аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ