Ширкати 7 ҷудокори тоҷик дар Grand Prix Portugal
Сайри ҷаҳонии ҷудо бо мусобиқаи Grand Prix Portugal, ки рўзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмада баргузор мегардад, оғоз мешавад. Дар мусобиқаи мазкур 7 ҷудокори тоҷик ширкат хоҳанд кард.
Инҳо Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) ҳастанд. Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистонро мураббии соҳибтахассуси ҷопонӣ Тамура Торӣ роҳнамоӣ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, Темур Раҳимов ва Эмомалии Нуралӣ, ду узви дастаи мунтахаби ҷудои кишвар, бо далели мушкили раводид дар ин мусобиқа ширкат нахоҳанд кард.
Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон аз 9 то 16-уми январ дар шаҳри Миттерсилли кишвари Утриш бо роҳбарии Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба мусобиқаи мазкур омода шуданд. Варзишгарон дар чунин мусобиқаҳо баҳри касби имтиёзҳои роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис-2024 талош хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ