Ширкати муштзанҳои тоҷик дар Чемпионати Осиё
Аз 1 то 12-уми ноябр дар Урдун Чемпионати бокси Осиё баргузор мешавад, ки дар он ҳам мардон ва ҳам бонувон ширкат мекунанд.
Дар Чемпионати Осиё чемпионат варзишгарони 30 кишвар дархости ширкат кардаанд. Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон низ дар ҳайати 8 варзишгар ба Урдун хоҳанд рафт.
Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё 8 варзишгар — 5 мард, 3 зан ва 2 мураббӣ намояндагӣ мекунанд. Инҳо Руҳафзо Ҳақназарова (-50 кг), Миҷгона Самадова (-57 кг), Шоира Зулқайнарова (-60 кг) миёни бонувон, Хусравхон Раҳимов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63,5 кг), Шаббос Негматуллоев (-80 кг), Наврўз Ҷафоев (-86 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) миёни мардон ҳастанд.
Варзишгаронро мураббиҳо Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷўраев ҳамроҳӣ мекунанд.
Тибқи нақша муҳорибаҳо дар даврҳои муқаддамотӣ ва чорякфинал рўзҳои 1-7-уми ноябр, нимфинал 9-10 ва финал 11-12-уми ноябр ба нақша гирифта шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ