Ширкати паҳлавонони тоҷик дар Jerusalem Masters 2022
Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Jerusalem Masters 2022, ки аз 20 то 22-юми декабр дар кишвари Исроил баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Тоҷикистонро дар охирин мусобиқаи ҷудо дар ин мавсим Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд. Эмомалии Нуралӣ бо 1040 имтиёз, Комроншоҳи Устопириён бо 2427 имтиёз ва Темур Раҳимов бо 5254 имтиёз чанд рўз пеш ба мусобиқоти ниҳоии беҳтаринҳои сол «Masters» роҳ ёфта буданд.
Имсол 314 варзишгар аз 55 кишвари ҷаҳон ба мусобиқаи Jerusalem Masters 2022 номнавис шудаанд. Ҷудокорон дар ҳар вазн мувофиқи мавқеашон дар рейтинги ҷаҳонӣ сабқат мекунанд. Паҳлавонон ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои пулӣ имтиёзҳои арзишманд барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2024 дар Парижро соҳиб мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ