Ширкати варзишгарони Тоҷикистон дар ЧО дар иншооти пўшида-2023
Аз 10 то 12-уми феврал дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Остона яке аз муҳимтарин чорабиниҳои варзишии Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё — Чемпионати Осиё дар иншооти пўшида-2023 баргузор мешавад.
Ин 10-ум Чемпионати Осиё дар иншооти пўшида хоҳад буд. Чорабинӣ бояд рўзҳои 11-13-уми феврали соли гузашта баргузор мешуд, аммо бо сабаби пандемии COVID-19 як сол мавқуф гузошта шуд.
Интизор меравад, ки беш аз 500 варзишгар аз 31 кишвари қора дар 26 риштаи варзиши сабук рақобат кунанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро 6 нафар намояндагӣ мекунанд. Инҳо Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода ҳастанд, ки ба Остона сафарбар гардидаанд. Қабл аз чемпионат даста дар шаҳри Остона ба ҷамъомади тамринӣ фаро гирифта шуд. Дар чемпионат занону мардон дар дав ба масофаҳои 60 м, 400 м, 800 м, 1500 м, 3000 м, 60 м бо монеаҳо, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачўб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, тела додани гулўла, панҷҳарба (бонувон), ҳафтҳарба (мардон) ва эстафетаи 4х400 м рақобат мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ