Шоираи Раҳимҷон мубталои COVID-19 шуд

Шоираи Раҳимҷон, шоир ва таронасарои тоҷик ҳам мубталои COVID-19 шуд. Дар ин бора яке аз пайвандонаш хабар дод.

Худи шоира низ зимни суҳбати телефонӣ бо Pressa.tj ин хабарро тасдиқ кард. Шоира чанд рӯз тариқи пахши мустақим дар шабакаи Фейсбук барои болидагии хотири мардум шеърхониву таронасароӣ мекард. Ҳамон шабу рӯз, новобаста ба вазъи сиҳатиаш барои мардум шодмонӣ менамуд. Тибқи ваъда ҳар рӯз бояд дар як соат барнома пешниҳоди омма мегашт. Аммо ҳолаташ бадтар шуду духтурон аз рӯи нишонаҳо натиҷа карданд, ки Шоира низ мубталои ин бало шудааст.

Шоираи Рахимҷон зодаи шаҳри Ваҳдат буда, 31 марти соли 1977 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Шоираи кӯчак ҳанӯз аз айёми 10-солагӣ шеър мегуфт. Шоирабону хатмкардаи ДДМТ, факултаи филологияи тоҷик мебошад. Вай солиёни зиёд дар Радиёи Тоҷикистон ба сифати муҳаррир фаъолият намудааст.

Аввалин намунаи ашъори шоира соли 2003 бо номи «Нахустин номаҳои дард» интишор шуда, китоби дуввуми вай соли 2013 бо номи «Вопасин номаҳои дард» дастраси ихлосмандони шеър гардидааст. Шоирабону соли 2012 дар машварати адибони ҷавон хамчун шоири суруднавис узви Иттифоқи нависандагон гардид, вале соли 2016 бо хоҳиши худ онро тарк кард.

Феълан роҳбари маркази продюссерии “Шоира” аст. Шоира бо хунармандони машҳури кишвар ҳамкорӣ дорад ва барояшон шеър ва оҳанг эҷод мекунад. Аҳли эҷоди сомонаи Pressa.tj ба Шоира аз даргаҳи Яздон шифо металабанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *