Шоҳи футбол. Месси исбот кард, ки ягона аст!

“Месси! Месси! Месси!”. Ин нидое буд, ки шоми охирини бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии Қатар-2022, 18-уми декабр аз гӯшаву канори олам садо медод. Чӣ мухлис ва чӣ онҳое, ки аслан ғолибияти Аргентинаро намехостанд, ба ин воқеият “таслим” шуданд ва ягонагии Мессиро иқрор намуданд. Оре, ӯ ягона аст, ӯ ситораи футболи ҷаҳонист, ӯ такрорнашаванда аст, ӯ “шоҳи футбол” аст, чунки ӯ Лионел Месси аст.

Месси ва Ҷоми Ҷаҳонии Қатар-2022

Шоми 18-уми декабр дар майдони “Лусаил”-и Қатар даври ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии Қатар-2022 баргузор гардид, ки дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Фаронса байни ҳам рақобат карданд. Ин на як бозии маъмулии Ҷоми Ҷаҳонӣ, балки таърихие буд, ки Месси дар таърихи футболи ҷаҳон номи худро ҳаккокӣ намуд. Ӯ бозингари беҳтарини Ҷоми Ҷаҳонӣ дониста шуд. Месси бо бозии ниҳоие, ки бо тими Фаронса дошт, 26 бозӣ дар Ҷоми Ҷаҳонӣ анҷом додааст, ки дар дунё рекордӣ аст. Дар ин зина Месси аз собиқ футболбози Олмон — Лотар Матуес, ки 25 бозӣ дорад, пеш гузашт. Мирослав Клозе, Паоло Малдини ва Криштиану Роналду, ки ба панҷгонаи ин рӯйхат шомиланд, якумӣ 24 бозӣ, дуюмӣ 23 ва сеюмӣ 22 бозӣ дар Ҷоми Ҷаҳонӣ анҷом додаанд.

Ба ғайр аз ин, Месси голи 12-умашро дар Ҷоми Ҷаҳонӣ ба самар расонид, ки пас аз Клозе  (16 гол) дар ҷойи дуюм меистад. Танҳо дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар-2022 Месси дар 7 бозӣ 7 гол ва 3 партофти головар анҷом додааст.

Дар бозии ниҳоӣ дар муқобили тими миллии Фаронса дида мешуд, ки Месси тамоми қувваи худро барои ғолибият равона карда буд. Бозӣ, ки 124 дақиқа давом кард, ӯ ҳамоно барои ғолибияти тими худ мубориза мебурд, чун ин бозӣ шояд барои ӯ охирин бозӣ дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонӣ бошад (ин пас аз оне маълум мегардад, ки ӯ чӣ тасмим мегирад ва ё ӯро, ки то мусобиқаи навбатии Ҷоми Ҷаҳонӣ- 2026 чилсола мешавад, ба тими миллӣ роҳ медиҳанд ё на). Лионел Месси то ин дам ҷоизаҳои бузурги олами футболро соҳиб гаштааст, вале бозӣ дар тими миллӣ ва расидан ба ғолибият дар Ҷоми Ҷаҳонӣ нишони баланди ҳунари ӯро инъикос менамояд. Месси наздики 20 сол аст, ки дар майдонҳои бузург майдондорӣ мекунад, вале дастаи тими мунтахаби Аргентина бори охир соли 1986 барандаи Ҷоми Ҷаҳон гашта буд. Нақши Месси дар ғолибияти имсолаи Аргентина бузург аст, чунки ин орзӯи деринтизори худи ӯ буд.

Лионел Месси кист?

Лионел Месси футболбози аргентинии бошгоҳи «ПСЖ» ва тими миллии Аргентина аст. Ӯ аввалин футболбозе аст, ки 7 маротиба соҳиби мукофоти ФИФА «Тӯби тилоӣ» («France Football») ва 6 маротиба мукофоти «Кафши тиллоӣ» шудааст.

Лионел Месси 24-уми июни соли 1987 дар шаҳри Росариои кишвари Аргентина ба дунё омадааст. Падараш Хорхе Орасио Месси, модараш Селия Мария Месси мебошад. Месси футболро аз панҷсолагиаш дар бошгоҳи «Грандоли» оғоз кард. Ӯ ҳамчун дастпарвари академияи футболи «Барселона», дар ҳайати асосии «Барселона» аз синни 17-солагиаш бозӣ кардааст. Ҳамроҳи «Барселона» 4 маротиба ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА, 8 бор соҳиби қаҳрамони Испания, 4 маротиба соҳиби Ҷоми Испания, 4 маротиба соҳиби Суперҷоми Испания, 3 маротиба соҳиби Суперҷоми Аврупо, 3 маротиба соҳиби ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон гаштааст. Лионел Месси 5 маротиба голзани беҳтарини Лигаи Қаҳрамонҳо ва 3 маротиба чемпионати Испания буд.

Солҳои 2005 ва 2007-2013, 2015 Месси «Бозигари беҳтарини сол дар Аргентина» дониста шуд ва дар баробари ин дорандаи 7 ҷоиза барои «Бозигари беҳтарини аргентинӣ дар хориҷи кишвар» аст. Солҳои 2007, 2009, 2010 ва 2011 «Бозигари беҳтарини чемпионати Испания» низ буд.

Месси ва ҷоизаҳои ӯ

Соли 2009 Лионел Месси беҳтарин «Бозигари тимҳои клубии Аврупо» ва ҳамлагари Лигаи чемпионҳои Аврупо шинохта шуд. Ҳамон сол ӯ соҳиби мукофоти ФИФА «Тӯби тиллоӣ» гашт ва маҷаллаи «Франс Футбол» («France Football»)-и Фаронса ӯро ҳамчун футболбози беҳтарини Аврупо ва соҳиби унвони «Бозигари сол, ФИФА» ҳамчун футболбозӣ беҳтарини ҷаҳон аз рӯи баҳои ФИФА муаррифӣ кард, ки ин оғози дастовардҳои пай дар пайи ӯ гашт. Месси соли 2010 унвони «Футболбози беҳтарини ҷаҳон» ва соли 2011 унвони «Беҳтарин бозигари клубии Аврупо»-ро соҳиб гардид.

Соли 2021 Лионел Месси футболбози маъруфи собиқи бошгоҳи Барселона ва муҳоҷими кунунии аргентинии бошгоҳи Порис Сент-Жермен (ПСЖ) — ҳафтумин бор баранди ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» шуд ва унвони беҳтарин футболбози солро ба даст овард. Ин ҷоизаро ҳамасола маҷаллаи «Франс Футбол»-и Фаронса ба беҳтарин бозигари сайёра эҳдо мекунад. Пештар аз ин Месси дар солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015 ва 2019 барандаи ин ҷоиза шуда буд (мукофоти «Тӯби тиллоӣ» барои нишонзани беҳтарин дар мусобиқоти дохилии Аврупо соле як маротиба супорида мешавад).

Месси ва рекордҳои ӯ

Лионел Месси ягона футболбозе мебошад, ки дорандаи 7-каратаи мукофоти ФИФА «Тӯби тиллоӣ» («France Football») аст. Ӯ то соли 2016 дар таърихи тими «Барселона» 502 гол ва дар бозиҳои расмии ин тим 474 гол ба самар расонидааст, ки ин омор ӯро ба рекорди Голзани беҳтарин дар таърихи тими «Барселона» расонид. Ҳамзамон, то соли 2018 бо 383 гол Голзани беҳтарин дар таърихи мусобиқоти Испания ба шумор меравад. То соли 2016 дар Суперҷоми Испания 12 гол ва дар Суперҷоми Аврупо 3 гол ба самар расонидааст, ки ин нишондиҳанда ӯро Голзани бештарини ин ду Суперҷом нишон медиҳад.

Месси ҷавонтарин бозингар дар таърихи тими мунтахаби Аргентина аст, ки дар 18-солаву 357-рӯза буданаш дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳонӣ гол задааст. Ӯ 24 солу 199 рӯз дошт, ки соҳиби аввалин мукофоти ФИФА «Тӯби тиллоӣ» («France Football») гаштааст.

Ба ғайр аз ҳамаи ин, Месси аз Бозиҳои олимпии Пекин 2008 медали тилло ва аз мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳонии Бразилия — 2014 медали биринҷӣ дорад.

Месси ва баъзе ҷузъиёти ҳаёти ӯ

Номи пурааш Лионел Андрес Месси Куччиттини буда, лақабаш Кайк аст. Ӯ шаҳрвандии Аргентинаро дорад. Қадаш 170 см ва вазнаш 72 кг аст.

Аввалин духтари расмии футболбози маъруф Макарена Лемоси аргентинӣ маҳсуб мешавад, ки Лионел дар синни 19-солагӣ бо ӯ мулоқот кардааст. Аммо ишқи Месси ба футбол ба зудӣ ба муносибатҳо хотима гузошт. Дар ҷавониаш, Месси бо ҳамватани дигараш — модел ва ситораи Playboy Луизиана Салазар муносибат оғоз кард. Аммо ин муносибат дер давом накард.

Лионел Месси хушбахтии ҳақиқиро дар ҳаёти шахсии худ бо шиноси деринаи худ Антонелла Рокутзо ёфт. Футболбоз бо ӯ аз кӯдакӣ шинос буд, онҳо дар як шаҳр зиндагӣ мекарданд. Месси аксар вақт бо бародарони ин духтар футбол бозӣ мекард. 2-юми ноябри соли 2012 Рокутзо ва Месси писардор шуданд ва ӯро Тиаго ном гузоштанд. Соли 2015 соҳиби як писари дигар бо номи Матео шуданд.

30-юми июни соли 2017 Лионел Месси бо Антонелла расман издивоҷ кард. Тӯйи онҳо дар шаҳри Росарио баргузор шуд. Моҳи марти соли 2018 Месси ва ҳамсараш соҳиби писари сеюм шуданд ва ӯро Чиро ном гузоштанд.

Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *