Шуъбаи мардонаи беморхона баъди таъмир ба истифода дода шуд

Дирӯз, 14-уми декабри соли равон бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода пас аз таъмири асосӣ шуъбаи якуми мардонаи Муассисаи давлатии “Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, шуъбаи мазкур бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони саховатпеша дар ҳаҷми беш аз 2 миллион сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизот ва лавозимоти муосир ҷиҳозонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *