Шукурҷон Зуҳуров бо маркази тиҷоратии Қатар ошно шуд

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва ҳайати вакилони парлумон аз маркази тиҷоратии “Мол Қатар” “Mall of Qatar” дидан карда

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва ҳайати вакилони парлумон аз маркази тиҷоратии “Мол Қатар” “Mall of Qatar”  дидан карда ва  бо Макрам Дарвозиев, раиси иҷроияи ин маркази тиҷоратӣ роҷеъ ба  таърихи ташаккул, фаъолият ва дастовардҳоион суҳбат карданд.

Таъкид гардид, ки  дар маркази мазкур нуҳ бонкҳои калонтарини ҷаҳон ва чаҳор ширкатҳои сайёҳии байналмилалӣ намояндагиҳои худро ифтитоҳ намуда, бо Давлати Қатар ҳамкориҳои судмандеро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин, дар дохили ин марказ  ширкати «Калифур» пурнуфузтарин ширкати дунё фаъолият  менамояд,

Сохтмони қисмати дуюми бинои  «Мол Қатар» аз моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гардида, тибқи нақша дар инҷо боз як меҳмонхонаи панҷситорадор, биноҳои истиқоматӣ барои 1200 ҷой, мактаби байналмилалӣ барои 1400 нафар толибилм, ва макони фарҳанги барои кудакон сохта мешавад.  Ин марказ дуюмин маркази калонтарин ва пурнуфузтарин дар ҷаҳон сохта мешавад.

Гуфта мешавад, ин ҳама тадорукот дар чорчӯби омодагиҳо ба мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол сурат мегирад. Ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ дар  соли 2022 дар Қатар баргузор хоҳад шуд.

Шукурҷон Зуҳуров   иброз намуд, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар  кишвар сохтмон ва иншоотҳои бузурги ҷашнӣ, ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *