Шумораи қурбониёни Покистон ба 59 нафар расид
Теъдоди кушташудагон дар инфиҷори масҷиде дар Покистон ба 59 нафар расида ва 157 нафар маҷруҳ шудаанд.
Бино ба гузориши рӯзномаи Dawn, таркиши масҷид дар Пешовари Покистон ба амал омада буд. Таркиш дар масҷид рӯзи душанбе тақрибан соати 13:40 (11:40 ба вақти Душанбе) ҳангоми намоз рух дод. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар масҷид ҳудуди 120 нафар буда, бештари ҷамъомадагон намояндагони пулис ва артиш будаанд. Таркишро як бомбгузори маргталаб анҷом додааст. Бар асари таркиш бахше аз масҷид ва боми бино фурӯ рехтааст.
Гуфта мешавад, ки гуруҳи террористии «Таҳрики Толибони Покистон» масъулияти таркишро бар уҳда гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ