Шумораи махсуси “Тоҷикистон” бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ
Ба муносибати 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки имсол бо қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил мегардад, шумораи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо сармақолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расид.
Шумораи мазкур баёнгари шинохти Камоли Хуҷандӣ ва осори ӯ аз нигоҳи олимону муҳаққиқони дохил ва хориҷи кишвар буда, дар коғази ранга, босифат, пурмуҳтаво ба чоп расидааст.
Аз ҷумла, дар мақолаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “…Шеъри орифи бузург Хоҷа Камол саршор аз меҳру муҳаббат ва ишқу созандагист, Хуҷанди қадимӣ, ки бо номи Тирози ҷаҳон ё арӯси дунё машҳур аст, либоси идона ба бар кардааст. Нафаси поку созандаи Камол имрӯз аз қуллаҳои қаторкӯҳи Мевағул, аз рӯди азими Сайҳун, аз масҷиди Шайх Муслиҳиддин, аз мазори Ҳазрати Бобо, аз Наврӯзгоҳ (собиқ Чумчуқарал), ки размгоҳи ҷаҳонпаҳлавон Темурмалики ватандӯст ва ватанпарвар буд, аз шаҳри бостонии Курушкада, ки дуввумин ҳазор сол пеш аз ин ба ифтихори шоҳи шоҳон Куруши Кабир номгузорӣ шуда буд ва боз дар бисёр ҷойҳо эҳсос мешавад. Ман ин фикрҳоро барои он махсус зикр кардам, ки шайх Камол барин нобиғаҳои шеъри зебои форсӣ ва он 6 ҳазор шоирони соҳибдевони дигар дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадаанд. Пеш аз Шайх Камол шахсиятҳое будаанд, ки ифтихори Хуҷанд ва тоҷикон маҳсуб мегаштанд. “Хонадони хуҷандиён” ва “Оли Хуҷанд”, ки аз шахсиятҳои бузурге чун Шайхурраиси Хуҷандӣ, Фахриддини Хуҷандӣ, Собити Хуҷандӣ, шоирон ва уламое чун Шиҳобиддини Ғизолӣ, Аҳмад Маҳмуди Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Қойиди Хуҷандӣ ва дигарон иборат аст, обрӯйи Ватани моро дар ҷаҳони ориёинажодҳо боло бардоштанд”.
Ҳамин тавр, дар шумораи идонаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нигоштаҳои Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд: “Олам сухани Камол бигрифт”, Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор: “Ифтихори миллати адабпарвари мо”, Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд: “Фарзанди барӯманди Хуҷанд”, Нӯъмонҷон Ғаффорӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор: “Таҳқиқи рӯзгору осори Камоли Хуҷандӣ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ”, Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор: “Шоири бузург ва тараннумгари ҳувияти миллӣ”, Бадриддин Мақсудзода, профессор, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: “Шарҳи ҳол ва осори Камоли Хуҷандӣ”, Матлубаи Мирзоюнус, профессор: “Камоли Хуҷандӣ дар Аврупо ва Русия” Нуралӣ Нурзод: доктори илмҳои филология: “Шарҳи як ғазали Камоли Хуҷандӣ” ва дигарон рӯи чоп омадаанд.
Инчунин, дар шумораи идонаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гулчини ғазалҳои ноби орифи намоён ва шоири ширинзабону маҳфилоро Шайх Камоли Хуҷандӣ гирдоварӣ шудаанд.
Баҳром Раҳматзод, директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” дар мусоҳибаи ихтисосӣ гуфт, ки дар ҳошияи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ 15 китоб, аз ҷумла, “Девон”-и мукаммали Камоли Хуҷандӣ бо дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба табъ расонида шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ