Шутур Мария: Фаронса чемпион мешавад!

Пешгӯйӣ намудани натиҷаи бозиҳои Чемпионати ҷаҳон-2018, ки қариб як моҳ боз дар Русия давом дорад, бо роҳу усулҳои  аҷоиб ғароиб таваҷҷуҳи мухлисонро ба худ мекашад. Дар Тоҷикистон ин шуғли боварнакарданиро ояндабини футболи ҷаҳонӣ – шутури боғи ҷонварони Душанбе —  Мария ба зимма гирифтааст. Мария беминнату беподош аз ҳоло медонад, ки чӣ кишваре барандаи Ҷоми ҷаҳон-2018 мегардад.

Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, то имрӯз ягон пешгӯии ин ҷонвари безабон хато набаромадаст. Тавре сомонаҳои иҷтимоӣ иттилоъ медиҳанд, Мария натиҷаи бозиҳои Русия — Арабистони Саудӣ, Уругвай — Фаронса ва билохир Хорватия — Англияро дуруст пешгӯӣ кардааст.

Рӯзи 12 июл, як рӯз баъди анҷоми бозиҳои нимафиналӣ, Мария «пешгӯӣ кард», ки маҳз дастаи яккачини Фаронса барандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол мешавад. Мария рӯзи панҷшанбе зери навори видеоии Радиои Озодӣ аз миёни ду табақи сабзавот, ки дар яке парчами Фаронса ва дар дигаре парчами Хорватия гузошта шуда буд, ба сӯи аввалӣ рафт ва сабзавоти онро тановул кард. Ин, ба  он маъност, ки мунтахаби Фаронса дар даври финалӣ дастболо мешавад.  Таҷриба се бор  такрор шуд ва ҳар дафъа Мария ба сӯи «табақи» Фаронса рафт.

Ин эътимод ба Мария аз он ҷост, ки бори охир ӯ дар остонаи бозии нимфиналии 11 июл пирӯзии Хорватияро бар Англия  бехато пешгӯӣ карда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *