Сигоркашҳо писардор намешаванд?
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, қарори Ҳукумат дар барои зиёд кардани андозбандии маҳсулоти тамоку ва маводи ивазкунандаи онро имзо кард, ки мувофиқи он андози аксизии ҳазор дона сигар аз 8,5 евро ба 17 евро ва ҳазор дона сигарет аз 9,8 евро ба 19 евро баланд бардошта шуд. Андози аксизии молҳои саноатии ивазкунандаи тамоку аз 35 фоиз то ба 70 дарсад зиёд гардид.
Тамокукашӣ ва зарари дуди он дар тамоми давраҳои ҳаёти инсон таъсири бади худро ба организм мерасонад.
Зан сигор кашад, кӣ зарар мебинад?
Мутахассисони соҳаи тиб бар он назаранд, ки зани истифодабарандаи тамоку на танҳо барои саломатии худ, балки ба насли ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Сигоркашии модар сабаби марги ногаҳонии навзод гашта, ҳамчунин, таъсири никотин ба маъюбшавӣ ва дигар бемориҳои роҳҳои нафас мусоидат мекунад.
Таркиби дуди сигор қариб 1200 ва дар худи сигор тақрибан 4000-намуди моддаҳои кимиёвии хатарнок вуҷуд дорад. Дар қатрони тамоку моддаҳои заҳрноки химиявии бензатратсен, изотопи радиоактивии калий ва дигар карбогидридҳо мавҷуданд. Моддаи заҳрнок равғанмонанд буда, аз баргҳои гиёҳи тамоку пайдо мешавад. Дар баргҳои тамоку миқдори никотин аз 1 то 1,5 фоиз ва дар баъзе навъҳояш 6 – 8 фоиз аст. Сигоре, ки 1 гм вазн дорад, аз 10 то 15 мгм никотин мавҷуд аст. Ин модда бештар ба узвҳои асаб, ҳозима, роҳҳои нафаскашӣ, дилу рагҳои хунгард, гурда, масона, ҷигар таъсири манфӣ расонида, инчунин, ба камшавии витамини С дар бадан, паст шудани масуният, саратони гулӯ (ҳанҷара) ва даҳон, захми меъда ва камшавии вазн мегардонад.
Чаро сигоркашҳо писардор намешаванд?
Тадқиқоти дигари табибон нишон додааст, ки марду зани сигоркашро хатари аз байн рафтани ҷанини писар мавҷуд буда, эҳтимоли зиёд таваллуд шудани духтар бештар аст ва пас аз таваллуд тифл ба бемориҳои модарзодию дигар бемориҳои азиятдиҳанда гирифтор мешавад. Ин тадқиқот аз сӯи доктор Дилитлигроф дар давоми солҳои 1998 то 2003 дар хусуси 9000 занҳои ҳомила гузаронида шудааст. Доктор Дилитлигроф дар тадқиқоташ нишон додаст, ки занҳои сигоркаш дар вақти ҳомиладорӣ ва ё ба дуди сигор наздиканд, нисбат ба занҳои аз дуди сигор дур буда, 90 фисад аз писардор шудан маҳруманд.
Сигор + фаромӯшхотирӣ
Равоншиносон бар он назаранд, ки тамокукашӣ на танҳо мушкилоти тиббӣ аст, балки чиҳатҳои равонӣ низ дорад. Ба андешаи онҳо дар натиҷаи кашидани тамоку асаби инсон то андозае хароб шуда, боиси фаромушхотирӣ ва зуд-зуд асабонӣ шудани шахс мегардад. Тибқи барномаҳои тандурустӣ истифодабарандагони тамоку ба 1,3- млрд нафар расидааст. Аз дуди сигор бошад, 5 млн аз заҳри тамоку мефавтанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» истифодаи сигор ва тамокуро дар дохили биноҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, динӣ, варзишӣ, таълимӣ, истироҳатгоҳҳо, толорҳое, ки дар онҳо чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва истироҳатию фароғатӣ гузаронида мешаванд, толорҳои фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, инчунин, дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои он ҷудо кардашуда, манъ аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр маврид иродаи заиф ва ноустувор метавонад шахсро хеле осон ба доми амалҳои пурхатар афканад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ