Синни нафақаи кормандони гумрукро се сол боло мебаранд
Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки Дар сурати пазируфта шудани тарҳ аз тарафи порлумон, генералҳои ин Хадамот дар 63, полковникҳо дар 58 ва соҳибони рутбаҳои поёнтар дар 53-солагӣ ба нафақа хоҳанд баромад. Қаблан, синни бознишастагӣ барои генерали Хадамоти гумрук 60, полковник 55 ва рутбаҳои поёнтар 50 буд.
Хадамоти гумрук, ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ, яке аз идораҳои “сермуштарӣ” миёни довталабони ҷойи кор дар Тоҷикистон аст. Соли гузашта барои ишғоли вазифаҳое, ки аз 400 то 800 сомонӣ ё аз 60 то 120 доллари амрикоӣ дар ин ниҳод пешниҳод шуда буд, то даҳ нафар барои як ҷой довталаб шуданд. Ин маблағ камтар аз маоше буд, ки омӯзгорон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ