Системаи VAR то нимаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон ба таъхир афтод

Ҷорисозии низоми VAR ба далели интиқоли таҷҳизот ба таъхир афтодааст.

Системаи VAR, ки мебоист аз бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оғоз мешуд, то нимаи дуюми чемпионат дар Тоҷикистон ба таъхир гузошта шуд.

Slomo.tv истеҳсолкунандаи таҷҳизот барои Тоҷикистон аст, ки дорои литсензияи ФИФА мебошад.

Таҷҳизоти лозима харидорӣ шудааст, вале бо сабабе, ки Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон то ҳол санҷиши амалӣ дар мавриди истифодаи он нагузаронидааст, тибқи талаботи ФИФА муддаташ ба таъхир афтод.

Ин система бояд дар оғози моҳи май дар Тоҷикистон ба роҳ монда мешуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *